
8 сентябри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қадршиносии хизматҳои шоистаи намояндагони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсолот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон баргузор шуд.
Муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода зимни суханронӣ ҳозирин ва кулли сокинони вилояти Суғдро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуда, изҳор дошт, ки дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ ва дастгирии фарзандони фарзонаи Ватан мавқеи муҳим дорад.
Ҳоким Холиқзода таъкид намуд, ки маҳз бо дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат дар арафаи ҷашни Истиқлол наздик ба 40 нафар бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар суханронии худ зикр кард, ки баргузории маросими тантанавӣ дар арафаи Рӯзи Истиқлол рамзи қадршиносӣ аз хизматҳои он нафарон мебошад, ки дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими ваҳдату субот ва ободии кишвар саҳми арзанда доранд.
Бояд қайд намуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2025 ба 23 нафар Медали «Хизмати шоиста», ба 3 нафар Медали «Шафқат», ба 4 нафар унвони «Донори ифтихории Тоҷикистон» ва ба 7 нафар Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Дар идомаи чорабинӣ кормандони соҳаҳои гуногун барои таваҷҷуҳу дастгирӣ ба Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки минбаъд низ бо садоқат барои пешрафт ва ободии Ватан саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар охир Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо боварӣ иброз дошт, ки сокинони вилоят дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо нангу номус ва заҳмати софдилона баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд ва дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми назаррас мегузоранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




