Истифодаи мақсадноки замин — омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ

Истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда имкон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардад ва фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин карда шавад.

Кишоварзон, сокинон ва соҳибкорони шаҳри Истаравшан дар самти кишт ва парвариши зироатҳои гуногуни кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ дошта, бо азхудкунии заминҳои нав ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз нашъунамои пиёз ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии деҳконии “Файзи тиҷорат” боздид ба амал овард. Ба иттилои масъулон хоҷагии мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Фирдавс Абидов бо кашидани хатти оби полезӣ ба масофаи 6 километр ва кофтани ду чоҳи амудӣ тавонист 20 гектар заминҳои қаблан бекорхобидаро ба гардиши кишоварзӣ ворид намояд.

Соли ҷорӣ дар ин заминҳо дар майдони 12 гектар пиёз ва 8 гектар тарбуз кишт карда шудааст. Айни ҳол сабзиш ва нашъунамои пиёз қаноатбахш буда, кишоварзон ният доранд аз ҳар як гектар ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд.

Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ майдони умумии кишти пиёз дар шаҳри Истаравшан 1300 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 50 гектар бештар аст. 

Ҳосили ҷамъоваринамудаи кишоварзони шаҳри Истаравшан имрӯз дар бозорҳои вилоят ва ҷумҳурӣ фаровон ба назар мерасад. 

Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як мулоқот ва суханронии худ ба масъалаи зиёд намудани кишти зироатҳо ва истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ таъкид намуда, дастуру тавсияҳои муфид медиҳанд.

Тибқи маълумоти расмӣ дар давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Суғд ба 6,1 миллиард сомонӣ баробар шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо роҳбарони ҷамоатҳо ва деҳконон таъкид намуд, ки бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бояд ба масъалаҳои азхудкунии заминҳо, кишти такрории зироатҳо, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар тадбирҳои муҳиме, ки омили асосии фаровонии бозори истеъмолӣ ба ҳисоб мераванд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд