18 апрел дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварат муовини якум ва муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилоту идораҳои вилоятӣ иштирок намуданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки аз 14 то 17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Бӯстон, Исфара, Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт сафари корӣ анҷом дода, ба фаъолияти як қатор коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ва иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоию хизматрасонӣ оғоз бахшиданд.
Пешвои миллат ҳамзамон дар машварат бо фаъолони вилоят барои вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо дода, ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ масъулинро вазифадор намуданд.
-Дар робита бо ин ҳар яки моро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни сафар ба вилоят баён доштанд, сари вақт иҷро намуда, ба дастовардҳои нави меҳнатӣ ноил гардем,-илова намуд роҳбари вилоят.
Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини сохторҳои вилоятӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати вусъати корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, ба итмом расонидани кишти пахта ва картошка, ҳарчи бештар истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия, истифодаи иқтидорҳои мавҷуда ва ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, татбиқи чорабиниҳои вобаста ба панҷсолаи рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёт ва дар маҷмуъ рушди иқтисоди миллӣ супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




