Дар Хуҷанд Форуми байналмилалии “Имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ” баргузор гардид

12 июни соли 2025 дар доираи Ярмаркаи байналмилалии тиҷоратии “Суғд – 2025” дар шаҳри Хуҷанд Форуми байналмилалии “Имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ” баргузор гардид.

Дар оғози расмии чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода меҳмонон ва иштирокчиёни форумро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки баргузории форум шаҳодати равшани сиёсати «дарҳои кушод» ва ҳамкории фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Ба таъкиди Раиси вилоят Форуми мазкур дар 11 соли охир ба як майдони муҳими муколамаи судманд ва рушди робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ мубаддал гардида, имсол дар он беш аз 500 меҳмон аз зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.

Қайд гардид, ки танҳо дар панҷ соли охир ба иқтисодиёти вилояти Суғд беш аз 4 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ҷалб гардидааст. Айни замон дар қаламрави вилоят 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 250 миллион доллар амалӣ шуда истодааст.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030 саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои асосии миллӣ ба шумор рафта, дар ин замина коркарди ашёи хом, рушди истеҳсолоти дохилӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар мадди аввал қарор доранд.

Зикр шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят минтақаҳои саноатӣ фаъолият дошта, дар шаҳри Хуҷанд Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” муҷаҳҳаз бо инфрасохтори зарурӣ фаъолият дорад, ки барои сармоягузорони хориҷӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Раиси вилоят самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла коркарди пахта, истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук, сохтмони гармхонаҳои муосир, рушди соҳаи дорусозӣ ва заргарӣ, инчунин рушди туризми экологӣ ва таърихиро ҳамчун бахшҳои умедбахши сармоягузорӣ номбар намуд.

Раҷаб Аҳмадзода ҳамчунин дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои рушди соҳаи туризм ва муҳайё намудани имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ба сармоягузорон таъкид карда, ҳамкориро дар самти илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг омили муҳими робитаҳои башардӯстона арзёбӣ намуд.

Дар интиҳо Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои Форуми имрӯза барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун заминаи устувор мегузоранд.

Дар кори Форум ҳамзамон як қатор масъулину намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои молиявию байналмилалӣ суханронӣ намуда, ташкили чунин чорабиниҳоро ба манфиати кишварҳои минтақа арзёбӣ карданд.

Форуми байналмилалии “Имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ” ҳамчун иқдоми муҳими ҳамкориҳои иқтисодии минтақавию байналмилалӣ, саҳми босазо дар рушди иқтисоди миллии кишвар хоҳад гузошт..

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд