Дар ҷаласаи корӣ пешгирии истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ баррасӣ шуд

21 май дар толори Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманди комиссияи доимамалкунанда вобаста ба масъалаҳои пешгирии насб ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли криптоасъор, истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ, кам кардани талафоти он ва ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда баргузор гардид.

Ҷаласаи корӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва аъзои комиссия доир шуда, мақсади асосии он татбиқи самараноки сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи мақсадноки имкониятҳои мавҷуда, таъмини пурраи аҳолӣ бо неруи барқ, кам кардани талафоти неруи барқ ва фаҳмондани муҳтавои тағйиру иловаҳои воридшуда ба “Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” арзёбӣ гардид.

Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода зимни суханронӣ аз ҷараёни татбиқи сиёсати давлат дар самти назорати истифодаи оқилонаи неруи барқ, пешгирии қонуншиканиҳо ва таҳкими низоми ҳисоббаробаркунӣ ёдовар шуд. Таъкид карда шуд, ки дар шароити имрӯза, ки афзоиши талабот ба неруи барқ мушоҳида мегардад, масъалаи захира ва сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ аҳамияти махсус касб намудааст. Бо назардошти ин, масъалаи истифодаи самараноки нерӯи барқ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.

Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти энергетикӣ, бо вуҷуди мавҷуд будани баъзе мушкилот, самаранок амалӣ шуда истодааст. Вале татбиқи пурраи он танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки тамоми ниҳодҳои дахлдор ва худи ҷомеа масъулиятшиносӣ нишон дода, дар риояи қонунгузорӣ саҳми худро гузоранд.

Зимни таҳлили фаъолияти шабакаҳои тақсимоти барқи минтақаи Гулистон ва шаҳри Хуҷанд муовини Сарвазири мамлкат ба масъулини соҳа барои ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушахас дод.

Дар суханронии муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тағйиру иловаҳои воридгардида ба кодекси ҷиноятӣ маълумот ироа шуда, қайд карда шуд, ки минбаъд шахсоне, ки ба дасткории ҳисобкунакҳо, дуздии барқ ва пайвастсозии ғайриқонунӣ даст мезананд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аснои суханронӣ қайд намуд, ки бо мақсади ноил гардидан ба истиқлоли энергетикӣ дар кишвар аз ҷониби давлату Ҳукумат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 апрели соли равон дар машварати корӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд таъкид намуданд, ки вобаста ба афзудани шумораи аҳолӣ дар мамлакат ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишвар талабот ба неруи барқ сол ба сол афзоиш меёбад. Аз ин лиҳоз, яке аз роҳҳои аз ин норасоӣ раҳоӣ ёфтан сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ мебошад. Ин нуктаро Пешвои муаззами миллат дар зимни суханронии худ дар дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки 17 майи соли равон дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, бори дигар ёдрас намуда, аз чумла таъкид намуданд, ки талафоти неруи барқ, хусусан, талафоти ғайритехникӣ ва истифодаи ғайриқонунии он ҳанӯз зиёд аст.

Бо мақсади фаҳмонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 апрели соли 2025, таҳти рақами 2163 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 апрели соли 2025, таҳти рақами 2164 гурӯҳи корӣ дар асоси қарори Раиси вилоят аз 29 апрели соли 2025 таъсис дода шуда, онҳо бо усули хона ба хона ва маҳалла ба маҳалла ба шаҳрвандон, роҳбарони корхона ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон вохӯрда, муҳтавои талаботи қонунҳои зикршуда ва дастуру супоришҳои Сарвари давлатро расониданд. Аз ҷониби гурӯҳҳои кории вилоят таъминоти нерӯи барқ дар тамоми фаслҳои сол зери назорати катъӣ қарор дода шуда, ҷиҳати пардохти маблағи кувваи барқ аз тарафи муштариён низ чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Дар охир баҳри пешгирии насб ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли криптоасъор, истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ, кам кардани талафоти он ва ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда дар назди намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони шабакаҳои тақсимоти барқ, роҳбарони техникӣ, нозир ва назоратчиён, дар умум тамоми кормандони соҳаи барқи вилоят вазифагузорӣ карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд