
29 апрел бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.
Майдончаи варзишӣ дар назди МТМУ №72-и Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент бо саҳми аҳолӣ ба тарзи ҳашар сохта шуда, ҷавобгӯ ба талаботи замон аст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ аз ташаббуси ватандӯстонаи сокинон изҳори хушнудӣ намуда, онро намунаи ибрат арзёбӣ кард.
Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинону соҳибкорони ватандӯст дар ободонии диёр саҳми назаррас мегузоранд.
Майдончаи варзишӣ барои ҷалби ҷавонону наврасон ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла футбол, шароити мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷамоати деҳоти Саразм тибқи нақша то ҷашни 35-солагии Истиқлолият бунёди шумораи зиёди иншооти ҷашнӣ дар назар аст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




