Ифтитоҳи чойхонаи замонавӣ дар Панҷакент

29 апрел дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ аз наздик шинос шуда, як қатор иншооти ҷашниро мавриди истифода қарор дод.

Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент бо саҳми соҳибкор Талабшо Шарифов чойхонаи замонавӣ сохта шуда, ба истифода супорида шуд. 

Чойхона дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. 

Иқдоми мазкур баҳри ободонии диёр ва ҷалби сайёҳону меҳмонони дохилию хориҷӣ амалӣ гардида, бо оғози фаъолияти он 10 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Чойхона дар хатсайри сайёҳии Ҳафткӯл ҷойгир буда, бо услуби меъмории миллӣ бунёд ёфтааст.

Раиси вилоят аз нақши соҳибкорон дар рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ёдовар шуда, ифтитоҳи иншоотро барои ҷалби сайёҳон муҳим арзёбӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд