Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

28 апрели соли 2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни машварат гузориши муовини Раиси вилоят Файзулло Қосимӣ оид ба рафти корҳои саҳроӣ, аз ҷумла ҷараёни кишти пахта ва картошка шунида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар майдони 172 ҳазору 990 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад. То имрӯз дар 125 ҳазору 643 гектар кишт гузаронида шудааст, яъне 73 фоизи нақша иҷро гардида, корҳои саҳроӣ муташаккилона идома дорад. 

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ дар бораи рафти корҳои бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Таъкид гардид, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят таҷдиду навсозӣ ва сохтмони беш аз 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз зиёда аз 70 фоизи он ба анҷом расидааст.

Ба бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуда, зарурати риояи ҳатмии меъёрҳои сохтмон ва нақшаҳои генералии шаҳру навоҳӣ таъкид гардид. Раиси вилоят супориш дод, ки ҳангоми таҳияи тарҳи иншоот тамоми инфрасохтор, аз ҷумла майдончаҳои варзишию фароғатӣ, таваққуфгоҳ ва хатҳои обу ташноб ба назар гирифта шаванд.

Дар интиҳои ҷаласа ба масъулин ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят, ҷалби сармояи мустақим, таъсиси хатҳои нави истеҳсолӣ, таъмини сифатнок ва саривақтии андозситонӣ, ҷамъбасти маъракаи даъвати баҳорӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои нақшаи кишти баҳорӣ, дастрасии хоҷагидорон ба оби полезӣ, тозагии муҳити атроф, назорати санитарии бозорҳо ва ҷойҳои истироҳатӣ, бунёди иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ ва мумфаршкунии роҳҳо супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд