
Дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд, дар соҳили дарёи Сир осоишгоҳ ва маркази истироҳатӣ бунёд карда мешавад.
Бунёди иншооти нав дар яке аз маконҳои дилфиреби шаҳр бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати шаҳрвандон ва ҷалби бештари сайёҳон ба роҳ монда хоҳад шуд.
Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки бунёди осоишгоҳ ва маркази истироҳатӣ дар соҳили дарёи Сир имконият фароҳам меорад, ки ташрифи сайёҳон ба шаҳри Хуҷанд боз ҳам афзояд, зеро муҳити табиии соҳили дарё барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ хеле мувофиқ аст.
Раиси вилоят ба масъулин барои такмили лоиҳа ва татбиқи он тавсияҳо дод.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизамон ободу зебо ва макони дӯстдоштаи меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ табдил ёфтааст.
Ҳамзамон дар соҳили дарёи Сир, дар ҳамин маҳалла, сохтмони маҷмааи биноҳои баландошёна ба нақша гирифта шудааст.
Тавре зимни муаррифии лоиҳа таъкид гардид, иншооти мазкур бо дарназардошти тамоми талаботи инфрасохторӣ, аз ҷумла мактаб, кӯдакистон ва маркази саломатӣ бунёд хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




