25 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ашт сафари корӣ анҷом дода, дар маъракаи кишти пахта дар хоҷагии деҳқонии «Меҳроҷи»-и ҶДММ «Рахшона» иштирок намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи нақша пахтакорони ноҳия бояд дар майдони 6291 гектар пахта кишт намоянд ва то имрӯз зиёда аз 77 фоизи нақша иҷро гардидааст. Кишти пахта дар ҳамаи хоҷагиҳои пахтакор бо маром идома дорад.
Соли ҷорӣ кишоварзони ҶДММ «Рахшона» дар зиёда аз 1000 гектар замин пахта кишт намуда, бо истифодаи тухмиҳои серҳосил ҳаҷми истеҳсол ва ҳосилнокиро афзун намуданианд.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулин ва собиқадорони соҳаи кишоварзӣ қайд намуд, ки зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта ба рушди соҳаи саноати сабук, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва зиёд намудани маҳсулоти содиротӣ мусоидат мекунад.
Таъкид карда шуд, ки афзоиши истеҳсоли пахта ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба таъмини саривақтии оби полезӣ вобастагии калон дорад. Беш аз 90 фоизи оби полезии пахтакории ноҳияи Ашт аз ҳисоби пойгоҳҳои барқии обкашӣ ва каналҳои ирригатсионӣ таъмин мегардад. Омодагии техникии пойгоҳҳо ва фаъолияти муназзами онҳо барои нашъунамо ва ҳосили хуби пахта нақши муҳим мебозад.
Аз ҳисоби рушди пахтакорӣ саноати коркарди пахта низ дар ноҳия рӯ ба рушд оварда, ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта зиёд мешавад. Дар ноҳияи Ашт барои татбиқи барномаҳои давлатии рушди пахтакорӣ ва коркарди пахта дар дохили кишвар, инчунин саҳмгузорӣ дар ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, нақшаву лоиҳаҳои нав амалӣ мегарданд.
Дар идома роҳбари вилоят бо фаъолияти ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ «Рахшона» шинос шуд ва бо иштироки роҳбари вилоят 2500 дона моҳии навъҳои гуногун барои парвариш ба ҳавзҳо сар дода шуд. ҶДММ «Рахшона» дорои 22 ҳавзи моҳипарварӣ бо масоҳати умумии 72 гектар буда, дар онҳо се навъи моҳӣ парвариш меёбад.
Меваи шаҳдбори зардолу, ки маҳсулоти муҳими содиротии кишвар мебошад, дар вилояти Суғд, махсусан дар ноҳияҳои Ашт, Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва водии Зарафшон, маъруф ва шинохта шудааст. Зардолуи шаҳдбори ин минтақаҳо беҳамто буда, ҳам дар шакли тару тоза ва ҳам дар шакли хушк ба бозор пешниҳод мегардад.
Зимни боздиди Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки имсол ҳосил хуб буда, навъҳои зардолуи пешпазак дар моҳи май ва июн пухта мерасанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд