Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт

25 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос гардид.

Дар ноҳияи Ашт бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мақомоти маҳаллӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони муассисаҳои нави томактабӣ, таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ идома дорад. 

Дар деҳаи Қаҳрамони Ҷамоати деҳоти Шодоба сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ ва ҳуҷраи кории омӯзгорон дар масоҳати 310 метри мураббаъ босуръат ҷараён дорад.

Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва волидони хонандагон бунёд шуда истодааст. Барои сохтмон 620 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ гардида, устоҳои маҳаллӣ дар ду баст фаъолият доранд. Синфхонаҳои нав барои 240 хонандаи синфҳои ибтидоӣ дар ду баст пешбинӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҷамоат бо маблағгузории грантӣ ба маблағи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, саҳми аҳолӣ (700 ҳазор сомонӣ) ва соҳибкорони маҳаллӣ (50 ҳазор сомонӣ), аз чуқурии 150 метр оби ошомиданӣ бароварда шуд.

Дарозии хати магистралӣ 14 ҳазору 938 метр ва хатти дохилии шабака 49 ҳазору 300 метрро ташкил медиҳад. Бо анҷоми ин лоиҳа 3580 нафар сокин бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд.

Раиси вилоят ҳамзамон бо сохтмони бинои шуъбаи маориф, маҷмаии варзишӣ, таъмиру навсозии бинои собиқ МТМУ №65, ки барои таъсиси кӯдакистон барои 240 кӯдак пешбинӣ шудааст, шинос гардида, барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба роҳбарияти ноҳия супориш дод.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят аз ҳоли собиқадорони соҳаи маориф ва кишоварзӣ хабар гирифт. Аз ҷониби роҳбари вилоят ба собиқадори соҳаи кишоварзӣ Иброҳим Воҳидов ва собиқадори соҳаи кишоварзӣ Янишой Пардаева тӯҳфаҳо супорида шуд.