Шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ширкати «Сирдарё»

Дар шаҳри Хуҷанд ба рушди соҳаи саноат аҳамияти махсус дода шуда, бо бунёди корхонаҳои нав ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот афзоиш ёфта, ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.

Дар заминаи дастгириҳои давлат масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» самти фаъолияти худро васеъ намуда, коргоҳҳои нав таъсис медиҳанд.

Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ширкати «Сирдарё» иттилоъ дода шуд, ки бо ворид ва насби хатҳои нави технологӣ истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда мешавад. Дар натиҷа, на танҳо ҳаҷми истеҳсолот зиёд мегардад, балки ҷойҳои нави корӣ низ фароҳам меояд.

Масъулин таъкид намуданд, ки дастгоҳу таҷҳизоти насбшуда истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, дар корхона обҳои ташнашикан дар зарфҳои гуногунҳаҷм тибқи талабот ва стандартҳои муосир истеҳсол ва бастабандӣ карда мешаванд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» зиёда аз 15 сол аст, ки фаъолият дошта, бо истеҳсоли маҳсулот дар бозори истеъмолӣ мавқеи устувор пайдо намудааст. Дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат дар рушди соҳаи саноат саҳми арзанда мегузорад.

Бо ворид ва насби хати нави истеҳсолӣ ширкат инчунин ба истеҳсоли пенопласт оғоз хоҳад кард. Ҳоло корҳои озмоишӣ идома доранд ва ба иттилои мутахассисон, талабот ба маҳсулоти истеҳсолшаванда хеле баланд аст. Истифодаи пенопласт имконият медиҳад, ки иншоотҳои бунёдшаванда дар тамоми фаслҳои сол аз таъсири ҳарорати баланд ва паст ҳифз карда шаванд.

Масъулини ширкат нақша доранд, ки ин намуди маҳсулотро таҳти бренди «Европлекс» истеҳсол намуда, дар баробари бозори дохилӣ, содироти онро низ ба роҳ монанд. Айни замон ашёи хом аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад, аммо дар оянда бунёди коргоҳи истеҳсоли ашёи хом дар худи ширкат ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилоят барои самаранок истифода бурдани иқтидорҳои мавҷудаи соҳаи саноат ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва ҷойҳои нави корӣ ба роҳбарияти ширкат тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд