Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ шинос гардид.
Чуноне иттилоъ дода шуд, дар шаҳри Гулистон бо саҳми соҳибкор Қаҳрамон Ҳамроқулов ду корхонаи саноатӣ бунёд мегардад, ки фаъолияти онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ равона шудааст.
Раиси вилоят зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин хонда, чунин ташаббусҳоро дар амалӣ гардидани ҳадафи стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Бояд гуфт, ки яке аз корхонаҳо ба истеҳсоли шифер ва дувумӣ ба истеҳсоли газоблокҳои сохтмонӣ ихтисос ёфтааст. Дар раванди истеҳсолот технологияҳои муосир истифода гардида, сифати маҳсулот ба талаботи замон ҷавобгӯ хоҳад буд.
Аснои шиносоӣ барои дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани корхонаҳо, ташкили ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд