Дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид

Рӯзи шанбеи 19 апрели соли 2025 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.

Дар ин ярмарка, ки бо мақсади таъмини дастрасии мардум бо маҳсулоти нисбатан арзон ва танзими нархҳои бозор ташкил шуд, маводи ғизоӣ ба сокинон пешниҳод карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмарка боздид намуда, бо ҷараёни фурӯши маҳсулот шинос шуд ва бо фурӯшандагону сокинон суҳбат орост.

Бояд зикр кард, ки дар се моҳи аввали соли равон 14 маротиба чунин ярмарка-фурӯш ташкил гардида, дар маҷмӯъ 1846 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва 514,6 ҳазор дона тухм бо нархи дастрас ба сокинон пешкаш шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд