Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз "Дави дӯстӣ" баргузор гардид

15 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз чорабинии варзишии "Дави дӯстӣ" баргузор шуд.

Мусобиқа бо ҳадафи тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву бародарӣ миёни ҷавонон ва варзишгарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон доир гардид.

Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок карданд.

Зимни суханронии Раиси вилоят таъкид карда шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар шароити хуб барои рушди варзиш фароҳам оварда шудааст. Бо истифода аз шароити мавҷуда баргузор намудани чунин чорабиниҳои варзишӣ барои таҳкими дӯстии мардумони минтақа ва ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш муҳиму саривақтӣ мебошад. 

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ҳозиринро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ба иштирокчиёни чорабинии варзишӣ муваффақиятҳо таманно кард. 

Дар "Дави дӯстӣ" ҳазорон нафар ҷавонон, кормандони ташкилоту идораҳо ва дӯстдорони варзиш, ҳамчунин меҳмонон аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд. Иштирокдорон аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ тавассути хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил то майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабқат намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. 

Бояд қайд намуд, ки ин мусобиқа на танҳо як рақобати варзишӣ, балки рамзи дӯстиву бародарии мардумони минтақа буд. Меҳмонон ва иштирокчиён изҳор доштанд, ки чунин чорабиниҳо ба таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории фарҳангӣ мусоидат менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд