14 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истиқлол бо раванди корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди корхонаҳои нави саноатӣ шинос шуд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой корхонаи нави металлургӣ сохта шуда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он беш аз 200 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд. Ин корхонаи нави саноатӣ бо харҷи 50 миллион доллар бунёд гардида, дар он коркарди мис, сурб, нуқра ба роҳ монда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Раиси вилоят ба масъулини ширкат барои татбиқи пурраи лоиҳа ва истифода аз иқтидорҳои мавҷуда, баланд бардоштани музди маоши кормандон ва дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани корхона дастуру супоришҳо дод.
Дар асоси супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муосидати Мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Истиқлол бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини рушди соҳаи саноат тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Дар ин раванд айни замон сохтмони корхонаи истихроҷ ва коркарди оҳангсанги ҶДММ «Оҳаки Истиқлол» идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он то 200 нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.
Тавре ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, корхона дар масоҳати 55 000 метри мураббаъ ва бо ҷалби 55 миллион сомонӣ бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он ба 100 ҳазор тонна оҳаксанг дар як сол баробар аст. Маҳсулоти истеҳсоли ин корхона пурра ба содирот нигаронида хоҳад шуд. Мусаллам аст, ки иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ мусоидат карда, боиси таъмини шаҳрвандон бо ҷойи корӣ мегардад.
Корхонаи дигари истеҳсоли оҳак, ки аз ҷониби ҶДММ “Тоҷ-Оҳак” бунёд гардида истодааст, бо харҷи 1,5 миллион доллар аз ҷониби соҳибкорӣ ватанӣ фаъол хоҳад шуд. Иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 100 тонна оҳаксанг аст. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар корхонаи навбунёд тибқи нақша идома дорад ва масъулин азм доранд, ки дар муҳлати пешбинишуда корхонаро ба истифода диҳанд.
Сипас, роҳбари вилоят дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуда, аснои суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки дар ояндаи наздик шаҳри Истиқлол боз ҳам ободу зебо гардида, шароити арзандаи кору зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.
Гуфта шуд, ки тибқи нақша дар шаҳр минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил карда шуда, бо амалӣ шудани нақшаҳо соҳибкорон корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мекунад ва ин тадбир ба рушди ҳамаҷонибаи шаҳр мусоидат хоҳад кард.
Дар поёни сафари корӣ роҳбари вилоят ду нафар собиқадорони меҳнатро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд