12 феврали соли 2025 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара бо фаъолияти ҶСК «Ангишт» шинос гардид.
Чуноне иттилоъ дода шуд, ҶСК «Ангишт» аз калонтарин ширкатҳои истеҳсолкунандаи ангишт буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва шарикони рушд азнавсозии хатҳои истеҳсолӣ ва иншооти мавҷудаи ҷамъият оғоз гардидааст. Барои таҷдиду навсозии хатҳои истеҳсолӣ, дастгоҳу таҷҳизоти нақбканӣ 60 миллион доллари ИМА равона карда мешавад ва бо охир расидани корҳо шумораи коргарони кони ангишт бамаротиб зиёд хоҳад шуд.
Масъулон азм доранд, ки бинову иншооти асосиву ёрирасон, маҷлисгоҳ, хобгоҳ, ҳаммом ва ошхонаро навсозӣ намуда, бо беҳтарин дастгоҳу технологияи пешрафта муҷаҳҳаз намоянд.
Дар назар аст, ки бо анҷоми корҳои банақшагирифташуда дар солҳои наздик шумораи кормандони ҶСК «Ангишт»-и шаҳри Исфара ба 2500 нафар ва ҳаҷми истеҳсоли ангишт то ба 1,5 миллион тонна расонида шавад.
Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо рафти корҳо ба роҳбарияти ҷамъият ва шарикони рушд дастур дод, то корҳо саривақту босифат ба анҷом расонида шуда, ҳаҷми истеҳсолот зиёд карда шавад.
Ҳамчунин дар самти бунёди мактабу кӯдакистон, маркази саломатӣ, ташкили сехҳои либосдӯзӣ ва пойафзолдӯзӣ, барқарор намудани литсейи касбии техникӣ ва дигар нақшаву тадбирҳои муҳим, ки дар самти таъмини шароити хуби корӣ замина мегузорад, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар шаҳраки Шӯроб Раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат варзида, зикр намуд, ки бояд ба масъалаи кабудизоркунӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.
Дар Ҷамоати шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ корҳои созандагӣ бомаром идома дошта, бо саҳми соҳибкор Ихтиёр Азимов бунёди комплекси варзишӣ ва боғи фарҳангиву фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст ва ҳоло корҳо дар ин самт ҷараён дорад. Иншооти зикршуда дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, зимни боздиди роҳбари вилоят аз маҳалли сохтмон барои вусъатбахшии корҳои ободонӣ ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд