Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара собиқадорони меҳнатро аёдат кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт.

Раиси вилоят ба манзили Тӯхтабой Тошбоев ва Мансурҷон Ортиқов омада, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод. 

Таъкид карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони меҳнат мунтазам ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд ва давлат ҳамеша хизматҳои бошарафонаи пирони рӯзгорро қадр менамояд.

Ба аёдатшудагон аз номи Сарвари давлат туҳфаҳои пуливу моддӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд