Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев хабар гирифт

10 феврали соли 2025 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиевро аёдат кард.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аснои суҳбат ҳунарманди мумтозро ба муносибати зодрӯзаш табрик гуфта, ба ӯ саломативу саодати рӯзгорро таманно намуд. 

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев 10 феврали соли 1941 ба дунё омадааст. Баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) фаъолиятро дар боргоҳи азими ҳунар - Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба ҳайси солист-овозхон шурӯъ карда, бо меҳнати бисёрсолаи худ ба қуллаҳои баланди санъат расид. 

Суруду оҳангҳои нотакрори ҳунарманд шунавандагони худро пайдо карда, ӯро миёни мардум маъруф намуд. Устоди санъат дар сароидани сурудҳои классикӣ ва халқӣ, маҳорати баланд дошта, сурудаҳои ӯ дар хазинаи тиллоии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, Идораи телевизион ва радиои вилоят маҳфузанд ва имрӯз ҳам шунавандагону мухлисони бешумор доранд.

Ҷӯрабек Набиев имрӯз низ месарояд ва пайваста дар хизмати давлату миллат аст. Хизматҳои арзандаи ӯ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо унвони баланди Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва як қатор ҷоизаву ифтихорномаҳо арҷгузорӣ шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд