5 феврал бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен ба бунёди бинои мактаби санъати ба номи Мирзо Пардаев санги асос гузошта шуд.
Бинои мазкур дар доираи омодагиҳо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад. Иншоот дар кўчаи ба номи Фирдавсии Ҷамоати шаҳраки Навкат ҷойгир шуда, барои 300 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Дар асоси лоиҳа бинои мазкур аз таххона ва 2 ошёна иборат буда, дорои 20 синфхонаи таълимии замонавӣ, толори намоиш бо 150 ҷойи нишаст мебошад.
Фармоишгари иншоот мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия буда, пудратчӣ ҶДММ “Амруддинзода” мебошад.
Бинои мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд