Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, корхонаҳои нави саноатӣ бунёд карда мешавад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо истифода аз дастгириҳои давлатӣ сохтмони як қатор корхонаҳои саноатӣ идома дорад.
Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ «Суғдметал» яке аз чунин корхонаҳои нав буда, дар он истеҳсоли профил ва қубурҳои оҳанин ба роҳ монда хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ дар корхона ба анҷом расида, васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти итолёвӣ бо ҷалби мутахассисон аз Италия ҷараён дорад. Корхона метавонад дар як сол то 50 ҳазор тонна маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол намояд.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз дошт, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба раванди бунёди корхонаҳо ва навсозии хатҳои технологӣ бояд аз тамоми имкониятҳо истифода шавад.
Сипас, роҳбари вилоят бо сохтмони корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ «Хубҷаминвест» шинос гардид ва тавре маълумот дода шуд, корхонаи нав метавонад дар як шабонарӯз то 200 тонна ва дар як сол то 72 ҳазор тонна равған истеҳсол намояд. Дар сехҳои иловагии корхона ҳамзамон истеҳсоли собун ва кунҷора ба роҳ монда шуда, дар маҷмуъ то 200 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад.
Раҷаббой Аҳмадзода бунёди корхонаҳои навро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, зиёд намудани содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат супоришҳо дод.
Раиси вилоят инчунин ҷараёни навсозии кӯдакистони деҳаи Шамсободи Ҷамоати деҳоти Исмоилро мавриди назар қарор дод. Кӯдакистон солҳои тулонӣ фаъолият надошт ва ҳамакунун бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба таҷдиду навсозӣ фаро гирифта шуд.
Бинои муассисаи томактабӣ аз 2 ошёна иборат буда, барои таълиму тарбияи то 240 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд