3 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Деваштич сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид.
Дар ноҳияи Деваштич бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ идома дошта, сокинони меҳнатқарини ноҳия дар иҷрои корҳои ободонӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Аснои боздиди Раиси вилоят аз Ҷамоати деҳоти Ваҳдат иттилоъ дода шуд, ки сокинони деҳаҳои Қалъаи дӯст ва Басманда аҳлона меҳнат намуда, дар бунёди иншооти гуногун саҳм гузошта, роҳҳои дохилиро мумфарш намудаанд. Дар ноҳия соли равон бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳмгузории сокинону соҳибкорон беш аз 46 километр роҳҳо таъмиру мумфарш гардидааст ва ин иқдом дар соли оянда низ амалӣ карда хоҳад шуд.
Раиси вилоят ба ташаббусҳои сокинон баҳои баланд дода, барои амалисозии чунин иқдомҳо, аз ҷумла бунёди марказҳои хизматрасонӣ, мумфаршкунии роҳҳо, бунёди дарвозаи рамзии деҳаи Басманда дар оянда низ тавсияҳо дод.
Раиси вилоят ҳамзамон дар деҳаҳои Қалъаи дӯст ва Басманда бо сохтмони маркази саломатӣ ва кӯдакистон шинос шуда, барои вусъатбахшии корҳои ободонӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.
Дар ноҳияи Деваштич, ки аз минтақаҳои картошкапарвар маҳсуб меёбад, соли равон 261 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардидааст. Зимни боздид аз захираи картошка дар анбори хоҷагии деҳқонии «Аҳмадбой» маълумот дода шуд, ки танҳо дар ин хоҷагӣ наздик 100 тонна картошка захира карда шудааст. Дар маҷмуъ, дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 190 ҳазор тонна захираи картошка мавҷуд буда, маҳсулот ҳамарӯза ба бозорҳои вилоят ва шаҳри Душанбе ирсол мегардад.
Раиси вилоят дар мулоқот бо роҳбарияти ноҳия ва хоҷагиҳои деҳқонӣ барои марҳила ба марҳила зиёд намудани масоҳати кишти картошка, зиёд намуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру супоришҳо дод.
Дар поёни сафари корӣ роҳбари вилоят собиқадорони соҳаҳои кишоварзиву маориф Саттор Холиков ва Раҳматбой Раҷабовро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд