Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 10-13 ноябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 100 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ва ҷумҳуриҳои дўсту бародари Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинии варзишӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки бо ҳидоят ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои нахустини истиқлолият дар кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ба мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни қишрҳои ҷомеа қадамҳои устувор гузошта шуд.

Дар ин замина, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати рушди соҳаи варзиш як силсила қарорҳо ва барномаҳоро қабул ва амалӣ карда, кўшиш менамояд, ки барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш тамоми шароитҳои заруриро фароҳам орад.

Таъсиси Стипендияи Раиси вилоят барои варзишгарони беҳтарини вилоят, қадршиносии варзишгарон, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, баргузории мусобиқаҳои вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят ба чемпионатҳои ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ шаҳодати татбиқи бомароми қарору барномаҳо ба шумор мераванд.

Бокс яке аз намудҳои маъмули варзиш ба ҳисоб меравад, ки шумораи дўстдорони он аз ҳисоби ҷавонону наврасон дар Тоҷикистон торафт меафзояд. Муштзанҳои номдори вилоят Ҷаҳон Қурбонов, Довуд Махкамов, Хусравхон Раҳимов, Шаҳбоз Ҳаитов, Искандарбек Рустамов, Мўъминхўҷа ва Мансурхўҷа Мўъминовҳо, Анўшервон Сиддиқов, Фирўз Бойматов, Дилшод Фиджаев ва дигарон борҳо шарафи варзиши тоҷикро дар миқёси байналмилалӣ баланд бардошта, Парчами Тоҷикистони азизро дар варзишгоҳу майдонҳои бузурги ҷаҳон парафшон сохтаанд.

Ба ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ дар вазъияти тантанавӣ Ҷом, медалу мукофотҳои пулӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд