Бинои нави Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд сохта мешавад

Имрӯз дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муаррифии лоиҳаи бинои нави Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд аз 7 ошёна иборат буда, пудратчии он ширкати “Бунёд-1” мебошад. 

Бинои навбунёд дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар чун ҳизби созандаву бунёдкор назаррас мебошад. Дар муддати 30 сол ба туфайли саъю талошҳои созандаи аъзои ҳизб таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат пойдевори мустаҳками рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, демократӣ гузошта шуда, барои ба сафи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гаштани Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам гардид.  

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он бо роҳнамоиву дастгириҳои бевоситаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол беҳтар гардида, мақоми он миёни дигар ҳизбҳои сиёсӣ волову муассиртар гардида истодааст. Аз ҷумла, солҳои охир дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд биноҳои маъмурии кумиҷроияи ҲХДТ сохта шуд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд зиёда аз 185 ҳазор аъзоро дар 1672 ташкилоти ибтидоӣ сарҷамъ намудааст, ки аъзои ҳизб дар пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд