5 октябри соли 2024 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст сокинони вилоятро ба ифтихори Рўзи забони давлатӣ, ки рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллии тоҷикон ва асоситарин омили ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд табрик намуд.
Таъкид карда шуд, ки забони тоҷикӣ дар тўли таърихи ҳастии хеш ҳамчун пурарзиштарин падидаи фарҳанги тоҷикон симои миллати куҳанбунёди моро ба таври шоиста муаррифӣ намудааст.
Олитарин маҳсули тафаккури бузургони ҷаҳони андеша, адабиёт, илму маориф ва фарҳанги тоҷик маҳз тавассути забони тоҷикӣ то замони мо расида, ҳамчун нодиртарин ганҷинаҳои ақлонии соҳибзабонон муаррифӣ шудаанд.
Дар ҳақиқат, забон ҳамчун воситаи муътамади омўзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни миллат дар инъикоси воқеияти ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дошта, гузаштагони мо барои рушду инкишоф ва ба пояи забони расмию давлатӣ баровардани он кўшиши зиёд ба харҷ додаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба роҳи душвори рушду инкишоф, мақоми таърихии забони тоҷикӣ ва хизмати фарзандони фарзона дар ҳифзу гиромидошти он чунин таъкид намудаанд: «Забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷиаро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони фарзонааш дар шакли зебову ноб, бо захираҳои ғаниву рангини луғоту таъбирот бароямон мерос мондааст».
Воқеан ҳам, забони тоҷикӣ тавассути осори пурғановати устоди шоирон Абўабдуллоҳи Рўдакӣ пойдор гардида, минбаъд дар осори бузургоне чун Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Нақибхони Туғрал, Тошхоҷа Асирӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Мўъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва ҳазорон суханварони дигар ғановат ва шукўҳу шаҳомати хоса дарёфт. Ин нукта баёнгари он аст, ки забони тоҷикӣ бузургтарин асос, шиноснома, нишон ва ёдгори маънавиест, ки ҳамчун оинаи сарнавишти мардуми фарҳангофари мо инъикосгари гузаштаю имрўзаи бою рангини сарнавишти таърихии халқамон мебошад.
Ёдовар бояд шуд, ки 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қонуни забон қабул гардида буд ва бо гузашти замон, яъне баъди бист соли амали он зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад.
Бо ин мақсад, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд. Имрўз забони давлатӣ дар кишвари азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол зери ҳимояву пуштибонии мустақими давлат қарор дошта, барои рушду пешрафти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.
Дар ин раванд, давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030», ки 29-уми ноябри соли 2020 қабул гардид, дурнамои рушди забони моро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи қонуни забон равона шудааст.
Дар ҳамоиши идона ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим суханронӣ намуда, сокинони вилоятро табрик кард.
Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд