3 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ собиқадорони соҳаи маорифро аёдат кард.
Раиси вилоят аз ҳоли Ҳасанова Асолат, сокини деҳаи Айнӣ ва Низомов Ризолиддин, сокини деҳаи Урметан хабар гирифта, собиқадоронро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон табрик гуфта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Ҳасанова Асолат 10 октябри соли 1940 дар деҳаи Айнии ноҳияи Айнӣ таввалуд шудааст. Мавсуф зиёда аз 50 сол дар соҳаи маорифи ноҳияи Айнӣ фаъолияти пурсамар дошт ва айни ҳол нафақахӯр мебошад.
Низомов Ризолиддин 5 июни соли 1935 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ таввалуд шудааст. Ӯ зиёда аз 50 сол дар соҳаи маорифи ноҳияи Айнӣ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Ҳарду собиқадори меҳнат умри пурбаракати худро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намуда, шогирдони зиёдро ба камол расонидаанд.
Раиси вилоят ба собиқадорони меҳнат саломативу саодати хонаводагӣ таманно намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд