Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифта, ба онҳо аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмакҳои моддӣ расонид.
Зимни дидорбинӣ бо Раҷабмаҳмад Ниёзов, ки солҳои зиёд дар соҳаи тандурустии ноҳияи Мастчоҳ фаъолият бурдааст, қайд карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат ба ҳаёту фаъолияти собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир менамояд. Зеро кору пайкор ва меҳнати софдилонаи шахсиятҳои барӯманд мактаби хуби омӯзишӣ барои насли ҷавон маҳсуб меёбад.
Раҷабмаҳмад Ниёзов аз ташрифи роҳбари вилоят изҳори хушнудӣ намуда, китоби тозанашри худро, ки дар бораи кору фаъолияти табибони ноҳияи Мастчоҳ иншо шудааст, ба Раиси вилоят тӯҳфа кард.
Сипас, роҳбари вилоят собиқадори меҳнат Халефа Нозимовро аёдат карда, ба ӯ тансиҳативу саодати рӯзгорро орзу намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд