Ҷаласаи Федератсияи камонварии Тоҷикистон баргузор гардид

13 сентябри соли 2024 дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи Федератсияи камонварии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласа иброз дошт, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла камонварӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад.

Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои тасдиқи пайнавишти маҷлиси интихоботии Федератсияи камонварии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2023, тасдиқи қарорҳои раёсати Федератсияи камонварии Тоҷикистон, қабули аъзои нави федератсия, интихоби муовини раиси федератсия ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. 

Раиси вилоят зимни суханронии худ таъкид кард, ки таърихи ин намуди варзиш – ҷузъи ҷудонопазири таърихи халқи тоҷик ва Тоҷикистон буда, таҷрибаи ташаккул ва дастовардҳои варзиши камонварӣ моро ба рушди ин намуд водор мекунад. Камонварӣ яке аз навъҳои таърихӣ, машҳур ва ояндадори варзиш маҳсуб ёфта, дар гузашта дар мамлакат камонварони моҳир тарбия ёфтаанд. Барандаи бисёр ҷоизаҳои мўътабари варзиши намуди камонварӣ Зебунисо Рустамова яке аз чунин варзишгарон ба ҳисоб меравад.

Илова карда шуд, ки соли 2023 бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ”-и вилоят мавриди истифода қарор гирифта, дар иншооти мазкур аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беҳтарин камонварон аз 8 кишвари хориҷаи дуру наздик доир гардид. Ин иқдом имсол низ идома ёфта, санаҳои 4-7 октябри соли ҷорӣ бо иштироки беш аз 15 давлат баргузории мусобиқаи байналмилалӣ дар назар дошта шудааст.

Раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар назди масъулин барои омодагӣ ва иштироки варзишгарони дастаи мунтахаб ба мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ, дастрас намудани лавозимоти варзишӣ, аз қабили тиру камонҳои замонавӣ, омода намудани варзишгарони дорои унвонҳои варзишии “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дараҷаи варзишии “Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, иштироки доварон дар семинарҳои Федератсияи ҷаҳонии камонварӣ вазифагузорӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд