Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба бунёди корхонаву коргоҳҳои пойафзолбарорӣ таваҷҷуҳи бештар равона шудааст.
Дар ҳудуди КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ояндаи наздик коргоҳи истеҳсоли пойафзол таъсис дода мешавад. Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур маълумот дода шуд, ки дар қисмати бекористодаи иншоот коргоҳи пойафзолбарорӣ, коргоҳи дузандагӣ ва мағозаи фирмавии "Зари Суғд" ҷой дода мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки роҳбарияти КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва саҳм гузоштан дар рушди соҳаи саноат зарфиятҳои мавҷударо марҳила ба марҳила мақсаднок истифода намуда, корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бунёд менамояд. То имрӯз дар натиҷаи амалишавии чунин тадбирҳо садҳо нафар бо ҷойи кор таъмин ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзун гардид. Масалан, соли 2022 корхонаи заргарии “Зари Суғд” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирфита буд. Корхонаи мазкур, ки солиёни зиёд аз кор монда буд, бо эълони иқдоми саноатикунонии босуръати мамлакат пурра навсозӣ гардида, барои истеҳсоли маҳсулоти аълосифат бо дастгоҳҳои муосир таъмин карда шуд. Ҳамчунин, соли 2023 коргоҳи дӯзандагии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва коргоҳи қолинбофии ҳамин корхона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.
Соли равон бошад коргоҳи истеҳсоли “ванадий” дар коргоҳи фаръии “Истеҳсоли гидрометаллургӣ”-и КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ба фаъолият шуруъ намуд.
Бо бунёди коргоҳи истеҳсоли пойафзол боз чандин нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 15 корхонаи пойафзолбарӣ фаъолият дорад ва давоми 7 моҳи соли равон қариб 362 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол гардидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки давоми панҷ соли охир истеҳсоли пойафзол дар вилояти Суғд зиёд гардидааст. Чунончи, агар дар соли 2020 171,1 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол шуда бошад, пас ин рақам дар соли 2023 наздик 485 ҳазор ҷуфтро ташкил медиҳад. Яъне дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти бунёду таъсиси корхонаву коргоҳҳои пойафзолбарорӣ тадбирҳои мушаххас андешид ва нишондиҳандаҳо давоми панҷ соли охир назаррас гардиданд.
Дар ин самт нақшаҳои нав тарҳрезӣ ва бо амалӣ гардидани онҳо ҳам ҷойҳои корӣ фароҳам мегардад ва ҳам истеҳсоли пойафзол боз ҳам зиёд мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд