Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи «Атласи Хуҷанд»

Корхонаи «Атласи Хуҷанд» дастгоҳу таҷҳизоти нави истеҳсолиро аз Корея ва Чин харидорӣ намуда, истеҳсоли абрешими якрангро ба роҳ мемонад. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхона маълумот дода шуд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» бо истифода аз имтиёзҳои мавҷуда ва дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истеҳсоли атласу адрас машғул мебошад. Кормандону мутахассисони корхона барои ҷалби бештари таваҷҷуҳ ба либосҳои миллӣ истеҳсоли навъҳои атласу адрасро зиёд карда, дар вақти истеҳсолот аз тарҳу ороиши махсус ва ҷолиби диққат истифода менамоянд. Масъулин инчунин тасмим доранд, ки коргоҳи дӯзандагӣ низ таъсис дода, аз мизоҷони худ барои дӯхтани либосҳои миллӣ фармоишҳоро қабул созанд.

Қайд бояд кард, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумат анъанаҳои миллии мардуми тоҷик аз нав эҳё гардида, барои рушди он шароити мусоид фароҳам гардидааст. Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар истеҳсоли матои атласу адрас дубора эҳё гардида, сол то сол тамоюли афзоиш доранд.

Боиси ифтихор аст, ки "Анъанаи бофтани атласу адрас" ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримодии башарияти ЮНЕСКО ворид гардидааст. Зеро атласу адрасбофии халқи тоҷик таърихи қадима дорад ва бо шарофати меросбаронаш аз насл ба насл ҳамчун ҳунари аҷдодӣ то ба мо мерос мондааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд