Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нуртекс» дар шаҳри Хуҷанд шинос гардид.
Фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Нуртекс” дар шаҳри Хуҷанд хело назаррас буда, алҳол дар ҷамъият 34 корхонаҳои хурду миёнаи сохибкорони инфиродӣ амал мекунанд ва маҳсулоти асосии истеҳсолшаванда - ин маҳсулоти дӯзандагӣ, равған, намудҳои гуногуни маҳсулоти сохтмонӣ, мебел ва ғайра мебошад.
Бо вуҷуди ин, дар ҷамъият инфросохтори зарурӣ барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ мавҷуд аст.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ ба муассиси ҶСК “Нуртекс” ҷиҳати истифодаи мақсадноки иншоот ва ҷалби сармоя дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки баробари ба пуррагӣ ба кор андохтани тамоми иншооти ҷамъият рушди соҳаи саноат таъмин гардида, садҳо нафар шаҳрвандон ба шуғли доимӣ ҷалб карда мешаванд.
Барои ин ба кор андохтани хатҳои истеҳсолии дӯзандагӣ, пойафзолдӯзӣ ва нассоҷӣ ба манфиати кор арзёбӣ гардид. Зарур аст, ки фаъолияти сехҳои хурди дӯзандагӣ, ки дар ҳудуди корхона фаъолият мебаранд, боз ҳам васеъ гардонида шуда, маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шавад.
Сипас, роҳбари вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои иловагии гимназияи рақами 4 аз наздик шинос гардид. Айни замон сохтмони таҳкурсии бинои таълимӣ ҷараён дошта, бо ин мақсад техника ва мутахассисони варзидаи соҳа ҷалб карда шудаанд. Тавре иттилоъ дода шуд, бо дарназардошти зиёд шудани аҳолӣ ва хонандагони муассиса зарурати сохтмони бинои иловагӣ ба миён омад. Бинои сохташавандаи муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна бо таҳхона ва 32 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 960 нафар хонанда дар як баст сохта ба истифода дода хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд