Хуҷанд. Иқтидорҳои истеҳсолӣ самаранок истифода мешаванд

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сохтмони иншооти ҷашнӣ бомаром идома дорад.

Дар шаҳри Хуҷанд дар баробари бунёди иншооти гуногунсоҳа сохтмони корхонаҳои саноатӣ низ ҷараён дошта, барои сокинон ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуда истодааст.

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони корхонаи коркарди меваву сабзавоти ҶДММ «Дороинвест» шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки корхона бо мақсади саҳмгузорӣ дар саноатикунонии мамлакат бунёд гардида, дар он меваву сабзавот коркард ва бастубанд карда мешавад. То имрӯз корҳои асосии сохтмонӣ ба итмом расида, воридсозии дастгоҳҳои муосир ва ба кор андохтани корхона имкон медиҳад, ки шаҳрвандон бо ҷойи доимии корӣ таъмин гарданд. 

Раиси вилоят зимни шиносоӣ таъкид дошт, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ба бунёди корхонаи нав ва фаъолсозии хатҳои нави истеҳсолӣ диққати махсус дода мешавад ва дар ин раванд масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати сифатнок ва дар муҳлати муқарраргардида ба кор андохтани корхонаи мазкур талош варзанд. 

Сипас, Раиси вилоят фаъолияти КВД «Садаф»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар корхонаи мазкур хатҳои гуногуни истеҳсолӣ, аз ҷумла, мебелбарорӣ, истеҳсоли рахти хоб, равған ва консерва фаъол аст. Корхонаи воҳиди давлатии «Садаф» ҳанўз соли 1979 таъсис ёфта, дар оғоз аз сехҳои металлгудозӣ, механикӣ, инструменталӣ, механикӣ-электронӣ, ҷамъуваслкунӣ ва амсоли он иборат буд. Ҳоло дар ҳудуди ин корхона коргоҳҳои хурду бузург таъсис ёфта, фаъолият мебаранд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхона ҷиҳати эҳёи шуҳрати қаблии корхона, ворид намудани нанотехнология, роҳандозии сехҳои нав ва истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум, омӯзиши талаботи бозор, самаранок истифода намудани майдони истеҳсолии корхона дастуру супоришҳои мушаххас дод. Зимнан таъкид карда шуд, ки дар доираи эълон гаштани Солҳои рушди саноат ва бо мақсади татбики супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати ба кор андохатни корхона, фаъолгардонии хатҳои нави истеҳсолӣ чораандешӣ намоянд. Иттилоъ дода шуд, ки худуди умумии корхона наздик 13 гектарро ташкил дода, аз якчанд биноҳо иборат мебошад. Соли равон КВД «Садаф» бо мақсади таъмини сокинони маҳаллаи Чашма бо оби нӯшокӣ ба масофаи наздик 10 км об кашида, дастрасии наздик 10 ҳазор шаҳрвандонро ба оби нушокӣ беҳтар намудааст.  

Раиси вилоят ба роҳбарияти корхона ҷиҳати ободонии муҳити атроф, рангубори бино, самаранок истифода бурдани заминҳои ҳудуди иншоот дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд