Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Олами ангур» шинос гардид.
Дар хоҷагии деҳқонӣ, ки ба парвариши ангур машғул аст, ҳар қитъаи замин мақсаднок истифода гардида, навъҳои гуногуни ангур истеҳсол ва ба хориҷи мамлакат содирот мегардад. Масоҳати токзори хоҷагӣ 12 гектар буда, аъзои хоҷагӣ навъҳои беҳтарини ангурро истеҳсол менамоянд. Айни замон ҷамъоварии ҳосил оғоз ёфта, содироти маҳсулот низ ба роҳ монда шудааст. Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз 20 тонна ангур содирот шуда, бо пухтани ҳамаи навъҳои ангур ҳаҷми содирот зиёд мегардад.
Раиси вилоят ба фаъолияти хоҷагидорон баҳои баланд дода, бунёди чунин токзорро дар минтақаҳои мувофиқи ноҳия зарур шуморид.
Сипас, роҳбари вилоят собиқадори меҳнат Маҳбуба Абдуллоева ва Унарҷон Солтиботиев, ки дар бистари беморист, аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд