Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ барои зарардидагони офати табиӣ хонаҳои нав бунёд карда мешавад.
Кӯмакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили семент, тахта, арматура ва дигар масолеҳи сохтмонӣ, инчунин маводи ғизоӣ ба сокинони зарардида дастрас карда шуд.
6 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ сафар карда, якҷо бо сокинони деҳа ба бунёди хонаҳои истиқоматӣ хишти аввалро гузошт. Барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида дар минтақаи бехавфи дашти Искодар замин ҷудо шуда, дар муҳлатҳои кутоҳтарин 15 хонаи истиқоматӣ сохта мешавад.
Зимни суҳбат бо сокинон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки масъалаи бунёди хонаҳои нав зери таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, масъулон супориш гирифтаанд, ки зарардидагон бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин карда шаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ ва дигар инфросохтори зарурӣ идораҳо вобаста шудаанд ва ситоди махсус фаъолият дорад.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия, Раёсати ҳолатҳои фавқулода, шабакаҳои барқ ва дигар ташкилоту идораҳо дастур дод, ки корҳоро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Мавриди зикр аст, ки 13- уми июли соли равон бар асари фаромадани сел дар деҳаи Искодар чандин хонаҳои истиқоматӣ пурра ва қисман хароб гардида, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, боғоту заминҳои кишоварзӣ зарари ҷиддӣ диданд.
Бо дастури махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми деҳаи Искодар, ки дар асоси офати табиӣ сахт зарар диданд, дар масоҳати 2,8 гектар дар мавзеи дашти Искодар замин ҷудо карда шуда, ба 15 хоҷагӣ хонаҳои истиқоматӣ сохта мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд