Шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии “Гулдасти Бӯстон”

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии “Гулдасти Бӯстон” шинос гардид.

Коргоҳ соли равон таъсис дода шуда, самти асосии фаъолияташ ин дӯхти либосҳои мактабӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад дастгоҳҳои дӯзандагиву буррандагӣ аз Чин ворид гардида, истеҳсоли маҳсулот мутобиқ ба меъёрҳои мавҷуда ба роҳ монда шудааст. 

Коргоҳ бо якчанд муассисаҳои таълимии шаҳри Бӯстон ва ноҳияҳои Деваштичу Мастчоҳ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, нақша дорад то 3500 адад либоси мактабӣ истеҳсол намояд. 

Зимни шиносоӣ роҳбари вилоят ба фаъолияти соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд дод. Зеро дар коргоҳ дар ду баст 40 нафар бонувон бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд. Баробари дӯхти либосҳои мактаби масъулин азм доранд, ки оянда доираи фаъолияти худро боз ҳам васеъ гардонида, истеҳсоли дигар намуди либосҳои кориву низомиро ба роҳ монад. 

Дар поёни боздиди корӣ роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадори меҳнат Толибҷон Ёқубҷонов хабар гирифта, ба ӯ кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд