Таъмири роҳи шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон оғоз ёфт

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон аз таъмир бароварда мешавад.

Дар маросими оғози корҳои таъмиру тармими роҳи асосии шаҳрак Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, барои тақвият бахшидани корҳои ободонӣ ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод.

Роҳи мазкур бо саҳмгузории корхонаи «Апрелевка» ва дастгирии сокинон ба масофаи наздик 7 км ба таъмири ҷорӣ фаро гирифта хоҳад шуд.

Бо ин мақсад техникаҳои роҳсозӣ ҷалб гардида, аз тарафи мутахассисони ҶДММ «Хуҷандроҳ» зиёда аз 5000 метри мураббаъ асфалтпӯш карда мешавад.

Дар Ҷамоати шаҳраки Консой зиёда аз 6 ҳазор нафар зиндагӣ дошта, шаҳрвандон дар ҳамбастагиву муттаҳидӣ баҳри ободоии маҳал камари ҳиммат баста, як гӯшаи Тоҷикистонро ба гулистон табдил медиҳанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд