Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд Фестивали варзишии футбол баргузор гардид.
Қабл аз оғози фестивал ҷавонону наврасон ва варзишгарони вилоят роҳпаймоӣ намуданд.
Сипас, дар варзишгоҳ чорабинӣ идома ёфт ва муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокинонро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бори якум таҷлил шуд, табрик намуд.
Қайд карда шуд, ки 7 май Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.
Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ пешниҳод шудааст.
Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, хосатан футбол дар кишвар бо таваҷҷўҳ ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми беназири Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сол аз сол рушд ва инкишоф ёфта истодааст.
Зеро футбол ҳамчун яке аз намудҳои оммавитарини варзиш эътироф шуда, муваффақиятҳои дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар чемпионатҳои Осиё оид ба футбол ба даст омада, бешубҳа аз неруву иқтидор, сатҳи солимӣ ва маънавии ҳар як миллат шаҳодат медиҳад.
Рушди футбол ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, маҳз ба хотири таъмини оммавияти он, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад.
Боиси сарфарозист, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар Чемпионати Осиё оид ба футбол дар соли 2024 иштирок намуда, ба қатори 8 дастаи беҳтарини қораи Осиё номнавис гардид ва футболбозони бонангу номус шарафи футболи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ сазовор муаррифӣ намуданд.
Ҳамзамон, дастаи футзалбозони Тоҷикистон низ тавонистанд, ки дар Чемпионати Осиё оид ба футзал иштирок намуда, дар зинаи 4-ум қарор гиранд ва роҳхат ба Чемпионати ҷаҳонро ба даст оранд. Ин дастовардҳо дар таърихи китоби футболи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд.
Дар асоси нақшаи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамасола Чемпионати Тоҷкистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ва Лигаи якум баргузор гардида, дастаҳои беҳтарин байни ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
Дар ин раванд, давоми соли 2024 аз вилояти Суғд 3 даста, аз ҷумла дастаҳои “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд ва “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан дар Лигаи олӣ ва 3 даста, аз ҷумла дастаҳои “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, “Исфара”-и шаҳри Исфара ва “Саразм”-и шаҳри шаҳри Панҷакент дар Лигаи якум фаъолона иштирок намуда истодаанд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки дастаҳои мазкур дар ин чемпионат сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Дар идомаи чорабинӣ Дониёрзода Сайвалӣ, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода низ сокинонро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик карданд.
Миёни мухлисон ва ҳаводорони футбол викторина ва саволу ҷавоб сурат гирифта, ба ғолибон туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд