Тақдими аробача ба Элёрбек дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Элёрбек Нарзуллоев, сокини деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан аст. Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ аз пой маҳрум мегардад ва аз ин ҳодиса 16 сол гузаштааст.

Рӯзи гузашта Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ин ҷавонро аёдат карда, ба масъулин ҷиҳати дастрас намудани аробача дастур дода буд. 

Аз ҷониби масъулин ба муносибати Рӯзи ҷавонон ба Элёрбек аробачаи худгарди электрикӣ тӯҳфа карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд