Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати чинии "Liaoning Lide"

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари ширкати чинии "Liaoning Lide" Жанг Жинминг ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт. 

Дар мулоқот масоили ҳамкории мутақобила ва тадриҷан густариш додани онҳо, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси вилоят зимни муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд таъкид дошт, ки вилоят чун "водии имкониятҳо" шинохта шуда, ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят як қатор барнома ва лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ карда мешавад. 

Дар вилоят садҳо корхонаи хурду бузург фаъолият дошта, талабот ба нерӯи барқ зиёд гардида истодааст. Аз ин лиҳоз, истифода аз манбаъҳои гуногун метавонад талабот ба нерӯи барқро қонеъ созад.

Жанг Жинминг дар навбати худ аз пазироии гарму самимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр дошт, ки воқеъан ҳам бо истифода аз фанновариҳои замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз офтоб ва бод метавон нерӯи барқ истеҳсол кард.

Иттилоъ дода шуд, ки ширкати мазкур соли 2002 таъсис ёфта, асосан ба истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти соҳаи энергетика машғул мебошад. Ширкат шаш сол инҷониб дар Осиёи Миёна фаъолияти босамар дошта, сохтмони нерӯгоҳеро дар Ӯзбекистон оғоз намудааст, ки тавассути он аз бод нерӯи барқ истеҳсол менамояд. Татбиқи чунин лоиҳа дар вилояти Суғд низ имконпазир мебошад. 

Дар рафти мулоқот тарафҳо ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳа дар самти бунёди нерӯгоҳ баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд