Сокинон маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро барои мумфарш кардани роҳҳо сарф карданд

Сокинони вилояти Суғд аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар иҷрои корҳои хайру савоб пешсафанд.

Дар ноҳияи Спитамени вилоят гуруҳи сокинони деҳоти Тағояк тасмим гирифтаанд, ки маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро дар ободии маҳал сарф намоянд. 

Бо ташаббуси сокинон дар марҳилаи аввал 5 км роҳи деҳот пурра мумфарш карда шуда, минбаъд низ корҳои хайр анҷом дода хоҳад шуд. 

Раиси вилоят ин кори сокинонро садақаи ҷория арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки саҳмгузорӣ дар ободии сарзамини аҷдодӣ низ кори савоб аст. 

Сокинон иброз доштанд, ки минбаъд низ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳо истифода мебаранд. 

Сипас, роҳбари вилоят бо сохтмони бинои сеошёнаи истиқоматӣ ва бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16- и ноҳия шинос гардида, барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба охир расонидани корҳо дар иншооти ҷашнӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд