
Имрӯз дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд барои бошандагони ин муассисаи иҷтимоӣ дастархони идона ороста шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бошандагони муассисаи иҷтимоиро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик гуфта, илова намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пиронсолон ва маъюбонро зери сарпарастии худ гирифта, ба онҳо мунтазам ғамхорӣ менамояд.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ҷиҳати дастгирии калонсолону маъюбон тадбирҳои заруриро амалӣ карда, ҳамеша ба ашхоси ниёзманд кӯмак мерасонад.
Калонсолону маъюбон бояд худро яккаву танҳо ҳис накунанд, зеро давлат онҳоро ҳимоят мекунад ва барои зиндагии онҳо шароити мусоидро фароҳам овардааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд 64 нафар зиндагӣ мекунанд ва барои зисти онҳо шароити хуб мавҷуд аст.
Барои бошандагони муассисаи иҷтимоӣ дастархони солинавӣ густурда шуд ва роҳбари вилоят ба ҳар як бошандаи муассисаи иҷтимоӣ туҳфаҳои идона супорид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




