Боздиди Раиси вилоят аз қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Бӯстон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

30 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, афсарону сарбозонро бо Соли нави мелодӣ табрик кард.

Раиси вилоят дар суҳбат бо афсарону сарбозон изҳор дошт, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои ҳарбӣ беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст. 

Таъкид шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯи бузург табдил ёфта, мардум ба он боварӣ доранд. Ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол вазифаи ҷонии ҳар як сарбоз буда, хизматчиёни ҳарбӣ борҳо собит намудаанд, ки вазифаи муқаддаси худро сарбаландона иҷро карда метавонад. 

Раҷаббой Аҳмадзода илова намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои боз ҳам беҳтар шудани шароит дар қисмҳои низомӣ мунтазам чораҷуӣ менамояд. 

Ба қисмҳои низомӣ маводи ғизоӣ дастрас карда шуда, барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд