Раҷаббой Аҳмадзода сарҳадчиёнро бо Соли нави мелодӣ табрик намуд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд ташриф оварда, марзбонони шуҷоъи Ватанро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат зикр дошт, ки ба шарофати сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мамлакат рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин шуда, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардидааст. 

Барои хизматчиёни ҳарбӣ низ беҳтарин шароити кору хизмат фароҳам оварда шуда, танҳо дар соли ҷорӣ 75 дидбонгоҳи сардҳадӣ бунёд карда шудааст. 

Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили дигар тадбирҳо мебошанд. 

Ёдовар мешавем, ки барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд