
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти РВКД ҶТ дар вилоят ба қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, сарбозону афсаронро бо Соли нави мелодӣ табрику таҳният намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати шахсии қисми низомиро аз номи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Соли нави мелодӣ табрик гуфт.
Қайд карда шуд, ки бо иродаи қавии мардуми соҳибмаърифату куҳанбунёдамон дар сарзамини аҷдодиамон сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмрон аст ва сокинони мамлакат ба хотири ояндаи неки Ватан сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷавонони ғаюру далер ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик якҷо бо мардуми ободгару ҳимматбаландамон минбаъд низ ба хотири ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, густариши ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маърифат ва умуман, пешрафти Ватани маҳбубамон саъю талош хоҳанд кард.
Таъкид шуд, ки ҳар яки мо бояд дар соли нави мелодӣ бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо барои ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ кӯшиши бештар ба харҷ диҳем ва тамоми нерӯву имконият ва донишу таҷрибаи худро ба ободонии сарзамини муқаддасамон равона созем.
Сипас, меҳмонон бо шароити хизмат дар қисми низомӣ аз наздик шинос шуданд.
Бояд қайд намуд, ки бахшида ба Соли нави мелодӣ дар қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сарбозону афсарони далеру шуҷои Ватан дастархонаи идона густурда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




