Аёдати тарбиятгирандагони Мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳри Бӯстон

Имрӯз дар арафаи Соли нави мелодӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳри Бӯстонро аёдат кард. 

Зимни суҳбат бо хонандагон роҳбари вилоят аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки давлату Ҳукумат чунин кӯдаконро ба ғамхорӣ фаро гирифтааст. 

Раҷаббой Аҳмадзода аз наврасон даъват кард, ки бо истифода аз шароити фароҳамгардида бо баҳои аъло таҳсил намуда, дар оянда чун мутахассисони соҳибкасб ба воя расанд. 

Бояд қайд кард, ки дар Мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳри Бӯстон дар ҳоли ҳозир наздик 100 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо омӯзгорони соҳибкасб ва ботаҷриба дарс мегӯянд. 

Бошандагони муассисаи иҷтимоӣ мунтазам ба ғамхорӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо либосу лавозимоти хониш дастрас карда мешавад. 

Раиси вилоят ба наврасон либосҳои гарми зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ супорида, ба роҳбарияти муассиса барои таълиму тарбияи наврасон тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд