25 октябр дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ иштирок доштанд.
Дар кори машварат нахуст сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд муаррифӣ гардид. Тавре маълумот дода шуд, ба вазифаи сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматҷонов таъин шуда, мавсуф дар сохторҳои гуногун фаъолият бурдааст.
Дар идомаи машварат Раиси вилоят иброз дошт, ки дар вилоят ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, рушди соҳаҳои гуногун таъмин гардида истодааст.
Бо таҳлили вазъи соҳаҳо роҳбари вилоят ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо барои таъмини иҷрои нақшаи андозҳо, нақшаи даъвати ҳарбӣ, нақшаи истеҳсоли пахта, бунёди корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба анҷом расонидани кишти тирамоҳии зироат, захираи маҳсулот ба давраи зимистон, азхудкунии заминҳо, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ, ташкили боғҳои нав ва дигар масъалаҳо супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




