23 октябр дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба муносибати 70-солагии шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, нависандагону шоирон, олимону аҳли зиё иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо сухани Шоири халқии Тоҷикистон, раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод оғоз ёфта, сипас Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аҳли илму адаби вилоятро ба муносибати 70-солагии шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон табрик намуд
Раиси вилоят таъкид кард, ки дар давоми 70 соли мавҷудияти хеш шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон як идда аҳли қаламу эҷод ва суханварону суханшиносонеро дар канори хеш парвариш ва камолот бахшидааст, ки имрўз чун устод барои эътибору мақоми адабиёти муосири тоҷик саҳми муносиби хешро мегузоранд.
-Аҳли сухани кишвар аз файзи суханони пурҳикмат ва ҳидоятгаронаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи муқаррар намудани рисолати аҳли адаб баҳраҳои фаровоне бардошта, дар шинохти мақоми кунунӣ ва ҳадафҳои ояндаи адабиёт чун воситаи асосии тарбияи маънавии насли наврас ва ҷавон дар замони ҷаҳонишавӣ ва мураккаби дунёи муосир ташаббусҳои нек аз худ зоҳир менамоянд.
Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд, ки дар шароити муосири инкишофи ҷомеа рисолати муҳимтарин ва кори ҷонии зиёиён таҷдиди фикру андешаи умумимиллист. Зеро фақат насли наве, ки дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеъ ва андешаи мустақил дошта, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва қарзи ватандӯстии худро дар назди халқу Ватан эҳсос менамояд, метавонад, ба қувваи пешбарандаи истеҳсолот ва тамоми паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа табдил ёбад.
Аз ҳамин сабаб ҳам, таҷлили 70-солагии таъсиси шўъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бояд бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва иҷрои ҳидоятномаҳои Роҳбари фарҳангсолори кишварамон сароғози роҳи тозаи эҷодии аҳли сухан гардад,-изҳор дошт роҳбари вилоят.
Қайд карда шуд, ки тоҷиконро дар ҷаҳон чун миллати суханвар, ҳакиму адабпарвар мешиносанд, зеро бузургтарин шоирону нависандагони оламшумулро модари ин миллат тарбия карда, ба арсаи ҷаҳонӣ баровардааст. Аз устод Рӯдакию Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлонои Балхиву Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷомию Мирзо Бедил то ба устод Қаноату Лоиқ Шералӣ, Гулназару Фарзона ҳазорон суханварони мо ба хазинаи адабиёти ҷаҳон пурқимматтарин дурру гавҳарро ҳадя кардаанд.
Дар даврони Истиқлол бошад, аҳли сухани воло, тарғибгари ғояҳои нави давлатдории Пешвои миллат ва тарбиятгари ҷомеаи навин ҳастанд ва кулли ҳамватанон бо номҳои фарзандони нобиғаи худ фахр мекунанд.
Аз таърихи таъсис ва фаъолияти бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон равшан мегардад, ки 70 сол қабл бо ташаббуси Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва талошҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Раҳим Ҷалил дар вилояти ҳамонвақтаи Ленинобод, ки алҳол Суғд аст, шўъбаи Иттифоқи нависандагон таъсис ёфт, ки дар мамлакат аввалин шуъба буд ва дар рўзҳои нахусти фаъолият ҳамагӣ панҷ нафар аъзо доштааст. Ҳоло ин шуъба зиёда аз 70 нафар аъзо дошта, калонтарин бахш дар мамлакат маҳсуб мешавад.
Чунонки муаррихон ва солноманависон таъкид кардаанд, устодони мумтози адабиётамон Раҳим Ҷалил, Муҳиддин Аминзода, Аминҷон Шукўҳӣ, Муҳиддин Фарҳат ва Абдумалик Баҳорӣ солҳои аввали таъсиси шўъба басо пуркор гашта, бо ҳузури хеш дар тарбияи қаламкашони ҷавон нақши муассир доштаанд. Сонитар адибони номвар Ҳоҷӣ Содиқ ва Абдуҷалил Воситзода, Аъзам Сидқӣ ва Пўлод Толис барин ҷавонон шомил гардиданд, ки минбаъд дар инкишофи адабиёти тоҷик бо таълифи асарҳои гаронмояи хеш саҳми калон гузоштанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо истиқбол аз ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори дастгирии аҳли илму адаб ва мусоидат дар нашри осор ва таълифоти онон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Танҳо соли гузашта ва чанд моҳи соли ҷорӣ китобҳои шоирон ва нависандагони боистеъдод Ӯрунбой Усмон, Муқим Воҳид, Давлатшоҳи Тоҳирӣ, Адибаи Хуҷандӣ, Гулноз Тоҳириён, Баҳром Мирсаид, Эгамназар Соҳибназар, Анварбек Абӯнаср, Баҳроми Раҳматзод, асарҳои илмии Неъматҷон Файзуллоев, Матлубаи Мирзоюнус, маҷмўаҳои дастҷамъии адибони ҷавони ноҳияҳои Ашт, Кўҳистони Мастчоҳ ва Мастчоҳ, Истаравшан, Панҷакент аз чоп баромаданд.
Дар зарфи даҳ соли охир бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зиёда аз 150 номгӯй асарҳои адибон нашр шуда, ба дасти хонандагони нуктасанҷ расидааст.
Зимнан таъкид шуд, ки аҳли илму адабро зарур аст, ки дар шароити кунунӣ нерӯи хешро ба таҳкими ваҳдат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона созанд. Зиёиён, дар шароити феълӣ, ки бархӯрди тамаддунҳо дар ҷаҳон торафт тезутунд мешавад, бояд бо мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон мунтазам вохӯриҳо гузаронида, ғояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва арзишҳои фарҳанги миллиро фаъолона тарғиб намоянд.
Дар идома раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим низ аҳли эҷодро таҳният гуфта, ба шоирону нависандагон илҳоми саршор таманно намуд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ барои хизматҳои арзанда дар тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ, рушди адабиёти муосир ва фарҳанги миллӣ, тараннуми дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми муносиб дар тарбияи маънавии ҷомеа ва таҳкими ҳуввияти миллӣ беш аз 30 нафар бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонда шуданд. Инчунин ба гуруҳи калони адибон "Нишони сухан", Ифтихорномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ифтихорномаи шуъбаи суғдии ИНТ, Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил, Ҷоизаи махсуси ба номи Маҳастии Хуҷандӣ супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




