Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли ду нафар собиқадори меҳнат хабар гирифт.
Дорандаи медали “Хизмати шоиста” Ҳомидов Муҳаммадҷон яке аз онҳо буда, солҳои тӯлонӣ барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Спитамен меҳнат намудааст.
Солҳои 1973 – 1977 ба ҳайси агрономи колхози А.Сатторови ноҳияи Спитамен, солҳои 1977 – 1981 бригадери колхози А.Сатторов, солҳои 1981 – 2005 сарагрономи колхози А.Сатторов, солҳои 2005 – 2010 сарагрономи колхози Саидқӯрғон кор кардааст. Соли 2010 ба нафақа баромадааст.
Ашурова Оқила низ дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият бурда, аз соли 2011 нафақахӯр мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




