Боздиди корӣ аз ноҳияи Спитамен

20 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен рафти ҷамъоварии пахтаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Дар ноҳияи Спитамен нақшаи истеҳсоли пахта барои соли ҷорӣ 14666 тонна муқаррар шуда, то 20 октябр 62,4 дарсад иҷро шудааст. Ба иттилои масъулин саҳмдорон бо кумаки кормандони соҳаҳои гуногун талош доранд, ки нақшаро сари вақт иҷро ва ҳосилро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

Раиси вилоят ба чинакчиён туҳфаҳои хотиравӣ супорида, ба роҳбарияти ноҳия барои дастгирии доимии онҳо ва таъмини иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта супоришҳо дод.

Бояд таъкид кард, ки имсол дар вилоят истеҳсоли 135 ҳазору 200 тонна пахта ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 71820,9 тонна ҷамъоварӣ карда шуд. Ғунучини пахта муташаккилона идома дошта, ҳамарӯза беш аз 50 ҳазор нафар саҳмдорону ҳашарчиён дар саҳро машғули коранд.

Сипас, роҳбари вилоят аз ҶДММ "Спитамен текстайлз" боздид карда, ба фаъолияти корхонаи мазкур баҳои баланд дод. Дар корхона бо шарикони рушд таҷҳизоти зарурӣ ворид карда шуда, дар он 160 нафар бо кор таъмин мебошанд. Дар назар аст, ки хати дуюми истеҳсолӣ низ фаъол карда шуда, ҳаҷми истеҳсоли калобаи пахтагин ва содироти он зиёд карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд