Дар Хуҷанд Маркази тиббии байналмилалии «Мармед» ба истифода дода мешавад

Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани санаҳои фархундаву миллӣ бунёди иншооти ҷашнӣ идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд бо сохтмони​ Маркази тиббии байналмилалии «Мармед», ки​ аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба шумор меравад, шинос гардид. Тавре зимни шиносоӣ таъкид карда шуд, бо дастгириҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи тиб,​ беҳдошти таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, такмил додани донишу малака ва маҳорати кормандони соҳа тадбирҳои зарурӣ​ роҳандозӣ карда мешавад.

Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки Маркази тиббии байналмилалии «Мармед»​ аз 6​ ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 36​ кат​ аст. Бино бо тарзу усули хоси меъморӣ ва ҷавобгӯ ба сатандартҳои байналмилалӣ​ бунёд ёфта, дорои утоқҳои алоҳидаи ташхису табобат, машваратӣ, маъмурӣ, бақайдгирӣ ва​ ду ҳуҷраи алоҳидаи ҷарроҳӣ мебошад. То имрӯз қисмати асосии корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, воридсозии дастгоҳҳо аз тарафи муассисон ба роҳ монда шудааст.

Таҷҳизоти муосир асосан аз Кореяи ҷанубӣ, Аврупо, Туркия ва Чин ворид гардида, аз тарафи мутахассисони соҳа васлу насб карда мешавад. Дар ин марказ асосан хизматрасонии тиббӣ дар самти ташхису табобат бо навтарин дастгоҳҳо, намудҳои зиёди ҷарроҳӣ аз қабили ҷоғу руй, чашм, узвҳои дарунӣ ба роҳ монда мешавад. Бо ин максад мутахассисони варзидаи ватанӣ ва инчунин пизишкони номӣ аз Россия, Ӯзбекистон, Туркия ва​ Белорус ҷалб карда хоҳанд шуд.

Масъулин азм доранд ин марказро соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳанд. Баробари баистифодадиҳии иншооти наву муосир то 30​ нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд